ФУТБОЛ: 5 апрел Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз мешавад

5  апрели соли равон  Чемпионати  Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 бо иштироки даҳ даста  оғоз  мешавад. Дар ин бора мухбири  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Се мавсими гузашта дар Лигаи олӣ ҳашт даста иштирок мекарданд. Дар мавсими имсола  теъдоди дастаҳо ба даҳто расид. Ба ҳафт дастаи Лигаи олӣ — «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар) се дастаи нав — «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе)  пайваcтанд.

Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими имсола дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар Лигаи олӣ ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.

Хотиррасон  менамоем, ки 5  апрел дар нахустин даври чемпионати  Тоҷикистон се бозӣ доир шуда, дастаҳои «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» бо ҳам рақобат мекунанд. Ду бозии дигар 8  апрел миёни дастаҳои футболи «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва КМВА – «Хуҷанд» баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дастаи «Хуҷанд», ки ҷойи дуюмро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуда, ҷойи сеюму медалҳои биринҷӣ насиби дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ» гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: