Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» оғоз гардид

Имрӯз, 14 июн дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» бо иштироки доираи васеи сармоягузорони кишварҳои Россия, Чин,  Қазоқистон, Ӯзбекистон, кишварҳои  арабию аврупоӣ ва соҳибкорони  ватанӣ  расман ифтитоҳ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Зикр гардид, ки дар Форуми байналмилалии  сармоягузории «Кӯлоб-2019» имкониятҳои  сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани иқтидори  содиротии  вилояти Хатлон муаррифӣ мешаванд.

Инчунин  дар ҷараёни Форум иштирокдорони он  татбиқи лоиҳаҳои  муштракро дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат,  нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, рушди содирот ва дигар бахшҳои афзалиятноки  иқтисодиёти мамлакат  баррасӣ менамоянд.

Пеш аз оғози Форум корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ  дар ҷануби Тоҷикистон  барои рушди иқтисодиёти ин минтақа, таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон хоса вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ мегардад.

Айни ҳол дар вилояти Хатлон ду Минтақаи озоди иқтисодӣ — «Данғара»  ва «Панҷ» фаъолият дошта, чанде пеш Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шуд.

АМИТ «Ховар»