ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мегардад

Имрӯз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки дар он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мегардад ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ менамояд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иқдоми мазкурро дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин амал дастгирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Имрӯзҳо масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд.

«Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як зумра  имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоем. Кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат баҳри рушди сайёҳӣ дар мамлакат тамоми неру ва захираву имкониятҳои худро баҳри татбиқи ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона хоҳанд намуд», — тазаккур доданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: