Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш вохӯрии гурӯҳи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Юсуфӣ бо фаъолон ва аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид.
Меҳмонон мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид, ба сокинони ноҳия шарҳу тафсир намуданд.
Зимни тавзеҳи Паём Музаффар Юсуфӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарноке, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сухан гуфта, саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамзамон ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ки дар симои ҷавонони имрӯза насли ояндасози миллатро мебинанд, даъват намуд.
Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ноҳия-кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи қуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, ҷавонон ва занони фаъоли ноҳия буданд, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар навбати худ муҳтавои онро дар маҳалҳои зисташон ба мардум мерасонанд.
АМИТ «Ховар»