Фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» густариш меёбад

Пагоҳ, 10 июл дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ҳамоиши мазкур довталабоне, ки  ба донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои  хориҷӣ  дохил шудаанд ва  донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, иштирок менамоянд.

Мақсади мулоқот,  пеш аз ҳама, аз муаррифӣ намудани имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавононе, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014  дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳоло маҳфил  дар 16 давлати дунё намояндагии худро дошта, шумораи аъзои он беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола  аз ҷониби маҳфил садҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмӣ- адабӣ ва оммавӣ- варзишӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: