«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН–ПРЕЗИДЕНТИ СУЛҲОФАР ВА АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН”. Таҳти ин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ доир карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳти унвони  «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон»   конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, конфронси мазкур   16 ноябри соли 2017, соати 09-00 баргузор гардида,  мақсади он арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: