Давоми шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 адад расадхона, 2 маркази хизматрасонӣ, 1 хатти обрасонӣ, 4 бинои истиқоматии баландошёна ва 74 нуқтаи савдо ба маблағи зиёда аз 121 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 322 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 781 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7220 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 43 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 47 адад даромадгоҳҳо ва 6 адад лифтҳо, 4107,0 м2 боми биноҳо ва 1769 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаш моҳи аввали соли равон баён гардид, ки аз тарафи 17 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 125,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 22,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 202,7 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 53,4 млн. сомонӣ ё 35,8 фоиз зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи паҳншавии касалии сироятии коронавируси нав COVID-19 баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ фавран аз ҷониби 13 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла ҶДММ «Ҷавонӣ», «САТН», «Сано», «Зиннат», «Нассоҷи Хуҷанд», «Текстил и Ко», «Олимхони Хуҷандӣ», «Сирдарё», «Чои Шифо», «ММК», «Давои Сино 70», «Сайхун» ва «Қолинҳои Сомон» зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба маблағи 37,8 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки қаблан онҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд.
АМИТ «Ховар»