Аз 11 то 16 декабр Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони (U-16) то 16-сола баргузор шуд, ки дар ҷамъбасти он дастаи футболи духтарони «Хатлон» ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 6 даста миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа се ҷойи ифтихорӣ насиби варзишгарони вилояти Хатлон гардид.
Дастаи «Хатлон» сазовори ҷойи якум гардида, дастаҳои ноҳияи Фархор ва шаҳри Кӯлоб мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи имсола дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар»