Дар вилояти Хатлон озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардиданд

Дар вилояти Хатлон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардиданд. Дар ин озмунҳо аз шаҳри Кӯлоб 13 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шаҳри Кӯлоб  аз миёни довталабон 6 нафар  ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ду нафари дигар соҳиби ҷоизаҳои вилояти Хатлон гардиданд.

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 7 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 7 нафари дигар соҳиби ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки ин нишондиҳандаи баланд дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Тибқи Низомнома, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз се давр иборат мебошад. Бинобар пандемия даври дуввуми озмуни мазкур моҳи октябр гузаронида шуд. Ба даври сеюм ғолибони даври дуюм даъват мешаванд. Барандаи Шоҳҷоизаро ҳайати ҳакамон аз ҳисоби беҳтарин композиторон, сарояндагон ва навозандагон муайян мекунанд.  Рӯйхати ғолибони даври сеюм ва Шоҳҷоиза дар асоси санади ҳайати ҳакамон аз ҷониби Комиссияи озмун тасдиқ гардида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: