Дар вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли равон 23 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 228 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода мешавад. Моҳҳои январ-апрели имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 2,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 269,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 11,2 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 9,7 фоизро ташкил дод.
Барои ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар якҷоягӣ бо соҳибмулкони онҳо тадбирҳо андешида, то имрӯз корхонаҳои «Дилкушо», ҶДММ «Бофанда», «Сомон ҒМ» ва «Самар» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ фаъолияташонро дубора эҳё намуданд.
Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонда шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад.
Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонда шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати мамлакатро ташкил медиҳад.
Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли неруи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.
АМИТ «Ховар»