Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони бовариро бо рақами 511 фаъол намуд. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, вазорат аз сокинони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамчунин бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди вазорат Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз, 27 март муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” вохӯрӣ доир намуд. Ҳадафи ин ҷамъомад ташкил намудани гурӯҳи волонтёрон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумак расонидан ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ гардид.
Аз Вазорати мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, км аз ҷониби “Рестпотребнадзор”-и Федератсияи Россия ба Вазорати тандурустӣ ройгон 20 000 тест барои муайян кардани коронавирус тақдим гардид.Тестҳои мазкур барои муайян кардани гирифтори беморӣ шудан ё нашудани беморон пешбинӣ шудаанд.
АМИТ «Ховар»