Соли равон дар мамлакат бо дарназардошти неругоҳҳои хурд беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт зиёд буда, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазир афзуд, ки дар ин давра вазорат вобаста ба масъалаҳои рушд ва таҷдиди соҳаи энергетика ва ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра мебошад, тадбирҳои судманд андешид, ки татбиқи онҳо имрӯзҳо идома дорад.