Дар Тоҷикистон то 22 июл болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар назар аст

Ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 22 июл дар якчанд ноҳияи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани сел боқӣ монда, дар ҳавзаи дарёи Панҷ болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.  

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо боэҳтиёт бошанд.

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор  эҳтиёт намоянд.

Сокинони навоҳии кӯҳистону доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикии соҳили дарёҳо низ бояд ҳушёр бошанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои минтақаву макони зисти худро тоза кунанд, то об бемамониат ба маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Tags: