27 сентябри соли 2017 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода зимни маърӯза «Оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр кард, ки ҳадафи асосии қабул гардидани қонуни мазкур, пеш аз ҳама, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии сокинони кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои шаҳрвандон мебошад. Дар тӯли 10 соли амали қонун мардуми кишвар дар натиҷаи сарфакорӣ имкон ёфтанд, ки манзилҳои замонавӣ бунёд карда, барои таҳсили фарзандон ва истироҳату табобат маблағ пасандоз кунанд. Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 400 ҳазор маъракаҳо баргузор гардида, дар онҳо 1,6 млрд. сомонӣ харҷ ва 3,1 млрд. сомонӣ сарфа шудааст. Илова бар ин, шурӯъ аз соли 2009 тӯйи хатнаи 7 ҳазор кӯдак ва тӯйи хонадоршавии 300 нафар ҷавонон ба таври хайриявӣ ба роҳ монда шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 53 фисади соли 2007 то 31 фисад поён рафтааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар соли 2016 ба 1 млрд. 612,7 млн. сомонӣ расидааст, ки назар ба соли 2007 7,5 маротиба зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Рустам Раҳматзода, Қонуни танзим ба кам гардидани маъракаҳои беҳуда боис шуда, бар замми ин хароҷоти маъракаҳо низ аз ҷиҳати молиявӣ ва забҳи чорво кам ва теъдоди ақди никоҳ ба маротиб афзудааст. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо минбаъд масъулияти ҳар нафарро дар риояи талаботи он бештар мегардонад.
Ҳамзамон аз рӯи масъалаи мазкур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Прокурори вилоят ва дигар мутасаддиён тавсия дод, ки роҳу усулҳои таъсиррасониро ба манфиати мардум дар мисоли ташкили хизматрасониҳои алтернативӣ бо нархҳои дастрас омӯхта, пешниҳод омода созанд.
АМИТ "Ховар"