Дар Суғд масъалаи дубора фаъол гардонидани комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баррасӣ гардид

Дар назар аст, ки солҳои наздик яке аз коргоҳҳои пуриқтидори мамлакат-Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишвар дубора фаъол гардад. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» Ли Жангуан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ ва истихроҷи маъдан ёдовар гардида, баён дошт, ки ҳоло бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидаанд. Дар ин радиф саҳми Ҷумҳурии мардумии Чин назаррас аст.

Роҳбарияти ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» аз имкониятҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам гардида ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён дошт.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони чинии ширкати «Ли Сзя Инвестмент», ки имрӯз яке аз ширкатҳои маваффақ дар самти истихроҷи маъдан мебошад, ташхиси Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронида шуда, тибқи хулосаи мутахассисон, барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд ва истихроҷи маъдану коркарди он аз 500 ҳазор то ба 1,5 миллион тонна расонида шавад. Дар ин радиф, баҳри амалишавии иқдоми зерин навсозии таҷҳизоти корхона зарур буда, дар навбати худ он имкон медиҳад, ки дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи кори нав ташкил гардад.

Хотирнишон бояд кард, ки Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият бозмонда, корхона бо сабаби муфлисшавӣ ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: