Шурӯъ аз 12 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин Мусобиқаи ситораҳои дзюдо оғоз гардид. Дар он чор варзишгари тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок доранд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо то 14 декабр идома ёфта, тибқи низомнома, дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд.
Бори аввал дар таърихи дзюдои мамлакат чор варзишгар ба ин мусобиқа даъват шуда, дар раддабандии ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбеков феълан дар ҷои 17-уми вазни -73 кг мавқеъ дорад. Беҳрӯз Хоҷазода дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 18-уми вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар ҷои 27-уми вазни +100кг мебошанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, дар Мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон 448 нафар варзишгарон (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ: 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 9 ҳазор доллари ИМА, барои ҷои дуюм 6 ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм 3 ҳазор долларӣ пешбинӣ шудаанд.
Инчунин варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Барои ҷои аввал 1800 хол, барои ҷои дуюм 1260 хол, барои ҷои сеюм 900 хол, барои ҷои панҷум 648 хол ва барои ҷои ҳафтум 468 хол пешбинӣ гардидааст.
АМИТ «Ховар»