Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №9 ба фаъолият оғоз менамояд

Аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд. Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои  замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: