Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

Имрӯз  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон бахшида ба  Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола  18 август дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад, ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ба  як гурӯҳ табибону ҳамшираҳои тиб, ки дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус саҳми шоиста гузошта истодаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз хизматҳои шоиста  ва   заҳматҳои  пайвастаи табибону ҳамшираҳои тиб дар самти саломатии  аҳолӣ ва бахусус дар мубориза бо бемории коронавирус  ёдовар шуд.

Мавсуф  иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор додани иншооти гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ аз   таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат  ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

Инчунин  дар давлатҳои хориҷӣ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани  мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва кормандони соҳа ва дигар тадбирҳои муҳиме, ки ҷиҳати рушди соҳа равона шудааст,  шоистаи зикр мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: