16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод эълон шудааст.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Парвин Кенҷаев иттилоъ дод, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд дар ин рӯз аз чаҳор ошёнаи Осорхонаи миллӣ дидан намуда, аз таърихи миллати тоҷик огоҳии комил пайдо кунанд.
Дар ин рӯз тамошои осорхона аз соати 10:00 то 15:00 идома меёбад.
АМИТ "Ховар"