Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳамгироии иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар иртибот ба ин дар ҷумҳурӣ ислоҳот дар соҳаҳои истихроҷ татбиқ гардида истодааст. Ин нукта дар суҳбати «мизи мудаввар», ки имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Коркард ва истихроҷи саноатии маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, баён гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зикр намуд, ки корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани натиҷаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани рушди иқтидори содиротӣ ва таҳкими гуногунсамтии он, истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар соли 2017 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, бештар ворид шудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки натиҷаи он беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аст, саъйи бештар менамояд. Дар ин самт ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ мешавад. Амалӣ гардонидани ташаббуси шаффофият ба такмили шаклҳои идоракунӣ дар соҳаҳои истихроҷ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ба даст овардани боварӣ мусоидат менамояд.
Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда намояндаи ташкилоти «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар кормандони масъули идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ сухан карданд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 27,5% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуд.
АМИТ "Ховар"