Дар ояндаи наздик «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мегардад

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2017 «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар ин бора Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Мушкилоте, ки имрӯз дар роҳи рушд ва тавсеаи забони давлатӣ вуҷуд дорад, ба андешаи Гавҳар Шарофзода, ба омилҳои мухталиф, аз ҷумла коркард нашудани низоми истилоҳоти соҳаҳои илму фан, техника, истеҳсолот ба забони тоҷикӣ вобаста мебошанд. Бисёре аз мутахассисони бахшҳои гуногун бо сабаби надонистани истилоҳот дар корбурди забони тоҷикӣ дар ин ё он соҳа ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо мақсади тақвияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм ва густариши бахши истилоҳшиносӣ бо ҷалби истилоҳшиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ давраҳои омӯзиши «истилоҳшиносӣ»-ро дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ роҳандозӣ намоем.

АМИТ «Ховар»

Tags: