Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар натиҷаи ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз 15 то 29 декабри соли равон зиёда аз 1 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ пардохт гардид. Ҳамчунин дар ин муддат барои дуздӣ, яъне ғайриқонунӣ истифодабарии неруи барқ 32 адад санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маблағи ҷаримаи 78 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуд, ки аз он алакай 43 ҳазору 510 сомонӣ пардохт гардидааст. Дар ин бора сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Умаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ноҳия Рӯдакӣ дар муддати аз 15 то 29 декабр 264 ҳазор киловатт-соат қувваи барқ сарфа гардидааст, ки дар натиҷаи сарфакорона истифода бурдани он сокинони ноҳия ба буҷети оилаҳояшон фоида оварданд.
Хуршед Умаров иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 адад коргоҳҳои нонпазӣ ва зиёда аз 10 адад ҳаммомҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд, ки баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ имрӯзҳо бо ҳезум ва ангишт фаъолият менамоянд ва қувваи барқро танҳо барои рушноӣ истифода мебаранд.
Имрӯзҳо дар фасли зимистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби соҳибкорон 95 нуқтаи фурӯши ангишту ҳезум ба таври доимӣ ва сайёр, инчунин 55 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, дар сарфакорона истифодабарии қувваи барқ дар байни аҳолӣ саҳми муносиб доранд.
АМИТ «Ховар»