ТВТ.06.08.2022. Тоҷикистон дар масири Душанбе-Волгоград-Душанбе, Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ва Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб ҳаракати қатораҳои мусофирбарро шурӯъ аз охири моҳи август ва нимаи аввали сентябри соли равон ба роҳ мемонад. Дар ин бора ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Вазир гуфт, ки 30 август қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград ва 7 сентябр аз Хуҷанд ба Волгоград сафар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъди таваққуфи дусола дар иртибот ба пандемияи COVID-19 дар самти мусофирбарии байналмилалӣ ва ташаббусҳои Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 20 июни соли равон ҳаракати қатораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе барқарор гардид, ки он на танҳо дастоварди муҳими роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон аст, балки дар рушди иқтисодиёти кишвар низ нақши муассир мегузорад.
Азим Иброҳим афзуд, ки «бо мақсади барқарор намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар бо роҳи оҳани дигар кишварҳо, бахусус Қазоқистон ва Русия корбарӣ идома дорад».
Бо дахли дастовардҳои роҳиоҳанчиёни кишвар Азим Иброҳим зикр намуд, ки соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан 2 миллиону 759 ҳазор тонна бор бо гардиши 120,4 миллион тонна-км ва 215,1 ҳазор мусофир бо гардиши 10 миллион мусофир –км интиқол дода шуд, ки тибқи ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ беш аз 102 фоиз, гардиши бор 102,4 фоиз, мусофирбарӣ 100,7 фоиз ва гардиши мусофирон 101 фоизро ташкил дод.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки ҷиҳати дастгирии мизоҷон ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар аз 30 то 90 фоиз ва барои мусофирон дар самти дохилӣ 60 фоиз сабукиҳо пешниҳод гардидаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»