Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва ворисони ӯ» ва маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Камолхонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилоят озмуни телевизионии «Камолхонӣ» — ро бахшида ба 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ роҳандозӣ намуд. Озмун байни хонандагони синфҳои 1-11 муассисаҳои таълимии вилоят аз рӯи ду бахш дар се давр — мактабӣ, шаҳрӣ — ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор карда шуд. Даври аввали озмун моҳи апрели соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 5 ҳазор хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, даври дуюми озмун моҳи август бо иштироки беш аз 1 ҳазор хонанда дар шаҳру ноҳияҳо ва даври ҷамъбастии озмун охири моҳи август бо иштироки 44 нафар ғолибони даври дуюм дар студияи телевизион ва радиои вилоят баргузор гардида, дар натиҷа 13 нафар ғолибон аз руи ду бахш ва ду категорияи синну солӣ(аз 7 то 13 сола ва аз 14 то 18 сола) муайян карда шуданд.
Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода барои ғолибони номинатсияҳо аз 800 сомонӣ то 500 сомонӣ ҷоиза муқаррар карда шуда, ба барандаи шоҳҷоизаи озмун 1000 сомонӣ тӯҳфаи пулӣ ихтисос дода шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Иброҳимҷон Иброҳимов — хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Ашт барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмун гардида, бо ҷом, диплом ва маблағи ихтисосдодашуда, қадршиносӣ карда шуд.
Ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ низ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.
АМИТ «Ховар»