Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 31 июл намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон дар майдонҳо ва масҷидҳо манъ карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати дини мусулмонони Қирғизистон (РДМҚ). Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Кабар» хабар медиҳад.
Муфатиёт аз мусулмонон хоҳиш кардааст, ки моҳияти ин қарорро дуруст дарк намоянд. Инчунин РДМҚ ба мусулмонон тавсия додааст, ки ба меҳмонӣ нараванд, қурбонӣ ва намозро дар хонаҳои худ баргузор намоянд.
Тавре ки пештар АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар Тоҷикистон низ дар рӯзи Иди Қурбон гашту гузори идона манъ карда шудааст. Мутобиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зидди эпидемия ва пешгирии уфунати нави COVID-19, дар рӯзи Иди Қурбон, ки 31 июл фаро мерасад, ҷамъшавии одамон, рафту омад ба хонаҳои якдигар, инчунин гашту гузорҳои идона манъ аст.
Ба шаҳрвандони Туркманистон низ тавсия шудааст, ки Иди Курбонро бо дарназардошти чораҳои пешгирикунанда дар хонаҳои худ ҷашн гиранд, хабар додааст TDH 27 июл.
«Бо сабаби дар ҳаво зиёд будани чангу ғубори зарарнок ба шаҳрвандон тавсия мешавад, ки аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд, фосилаи иҷтимоиро то 2 метр нигоҳ доранд ва инчунин тамоми чорабиниҳои оммавиро дар рӯзҳои Иди Қурбон маҳдуд намоянд — онро дар ҳалқаи оилаҳои худ таҷлил намоед», — омадааст дар хабар.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тадбирҳои бехатарии вобаста ба коронавирус дар арафаи ҷашни муқаддаси Иди Қурбон дар кишварҳои арабӣ низ андешида шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти Марокаш, Миср, Ироқ, Алҷазоир, Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт барои адои намози Иди Қурбон тадбирҳои гуногун андешидаанд.
Вазорати умури исломии кишвар хабар додааст, ки дар Марокаш рафтани шаҳрвандон ба масоҷид ҷиҳати адои намози идона манъ шудааст. Ҳукумати Миср тасмим гирифтааст, ки намози идона танҳо дар бузургтарин масҷиди ин кишвар бо иштироки теъдоди маҳдуди мӯъминон баргузор карда шавад. Дар Ироқ, дар давраи Иди Қурбон соати комендантӣ ҷорӣ карда мешавад, хабар додаанд дар Вазорати тандурустӣ. Мақомоти Алҷазоир ба шаҳрвандон иҷозаи ҷамъшавӣ надоданд ва аз онҳо даъват намуданд, ки дар рӯзҳои ид намозҳояшонро дар хонаҳояшон бигузоранд.
Дар Вазорати авқофияи Сурия аз лағви намози идона дар Димишқ ва атрофи он иттилоъ доданд. Дар АМА низ гузаронидани намози дастаҷамъонаро манъ намудаанд. Тибқи иттилои Anadolu Ajansı, сухангӯйи ҳукумати Кувайт Ториқ ал-Мизрим зикр кард, ки Вазорати корҳои исломӣ ба шаҳрвандон иҷозат додааст, ки дар масҷидҳои муайяншуда ва ҷойҳои кушод намози идро адо намоянд. Ал-Мизрим инчунин аз шаҳрвандон даъват намуд, ки тамоми чораҳои вобаста ба мубориза бо уфунати коронавирусро риоя намоянд.
АМИТ «Ховар»