Дар Қирғизистон нишасти коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ доир гардид

ТВТ.13.08.2022.  11 август дар Қирғизистон ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ оид ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ (ШВКД), ки дар шаҳри Чолпон-Ата аз 7 то 9 сентябри соли 2022 баргузор мегардад, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди кишварҳои ИДМ (БҲМҶМ) ширкат намуданд.

Нишастро муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, полковники милитсия Адилбек Бийбосунов оғоз намуда, зикр намуд, ки ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар нақша аст, ки бори нахуст аз замони оғози пандемияи COVID-19 ба таври ҳузурӣ доир карда шавад.

«Мо аҳамияти баргузории ин чорабиниро барои роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ/полиси давлатҳои ИДМ хуб дарк мекунем, зеро дар он бо мақсади таҳияи стратегияи ягонаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромарзӣ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои дар қаламрави кишварҳои мо мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд», — гуфт Адилбек Бийбосунов.

Ӯ инчунин зикр намуд, ки ШВКД ИДМ нақши амиқе дар созмондиҳии сулҳу субот дорад. Мавқеи мазкур дар пасманзари ҷаҳонишавӣ, ки бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муборизаи муштарак бурдан зарур меояд, собит карда мешавад.

Нишасти ҳозираи якҷояи коршиносҳо дар самти омода кардан ва инкишоф додани шаклҳои ташкилии ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ як қадами дигар ба шумор меравад.

Дар ҷараёни нишаст коршиносон лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ба баррасии ҷаласаи навбатӣ пешниҳодшударо аз назар гузаронида, бо назардошти пешниҳодҳои воридгардида онҳоро ба итмом расониданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: