ТВТ. 25.05.2022. 23 май дар қароргоҳи СММ мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва иштироки Лиу Женминро ба ҳайси ҳамраиси Конфронси мазкур, ки 6-9 июни соли 2022 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин атрофи аҳамияти баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” барои Конфронси 2023 табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»