Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ баргузор мешавад

ТВТ.28.06.2022.  28 июн дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск (Беларус) ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мегардад. Дар он Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок мекунад (ДАР АКС). Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Қарор аст, дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат кунад.

Дар ҷаласа ба аъзои Шӯрои намояндагони доимии низоми «Бонки маълумоти Хазинаи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» пешниҳод карда мешавад.

Иштирокчиёни ҷаласа инчунин пешниҳодҳоро оид ба лоиҳаҳои рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 13 ва 14 октябр дар шаҳри Нур-Султон (Қазоқистон) баргузор мешаванд, баррасӣ хоҳанд кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: