Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил баррасӣ гардид

ТВТ.18.08.2022. 17-уми август Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо муовини Мудири кулл, сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Симона Халперин мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ва Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: