Дар Душанбе Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор мешавад

14-15 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар он сарони 27 давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиё иштирок намоянд.

Саммити Душанбе идомаи талошҳои давлатҳои аъзои МҲТБО, ки аз  соли 2002,  аз рӯзи баргузории аввалин Саммит ба харҷ дода истодаанд, мебошад.

Дар ин нишаст ҳайатҳои баландпоя барои қабули эъломияи фарогири тамоми масоили ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ҷамъ меоянд.

Саммити мазкур ҳамчунин барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бавуҷудоянда дар Осиё, инчунин барои пешбурди ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои самаранок дар сатҳи баланд майдони  муфид хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки сентябри соли 2018 дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲТБО баргузор гардид, ки дар он раёсат дар Машварат барои солҳои 2018-2020 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои МҲТБО на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар дигар сатҳҳо низ бо мақсади ҳамгироии минтақавии батадриҷ ҳамдигарфаҳмии умумӣ дорад.

Бо дарназардошти иштироки давлатҳои аъзо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла муносибатҳои дӯстона ва боэътимоди байни онҳо, Тоҷикистон аз Саммит натиҷаҳои хуб, ки барои иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои умумӣ дар доираи МҲТБО давоми ду соли раёсати Тоҷикистон роҳнамо мегарданд, интизор аст.

Саммити дарпешистода барои расидан ба ҳадафҳои нав ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда ва бавуҷудояндаи мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ хоҳад бахшид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Саммити МҲТБО, ки соли 2014 дар Чин баргузор гардид, тазаккур доданд, «Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар МҲТБО-ро дар лаҳзаи барои Осиё муҳим бар уҳда мегирад: минтақаи васеъ, ки дар он сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо зич пайвастаанд, дар манзари чолишҳои нав рушди боварибахши иқтисодӣ ва саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро нишон медиҳад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқҳои Осиё, ки бо таърихи ғанитарини умумӣ ва гуногунии фарҳангҳои ба худ хос байни худ алоқаи канданашаванда доранд, пурра дарк менамоянд, ки роҳи сӯи сулҳу шукуфоӣ аз фароҳам овардани муҳити бехатару суботе мегузарад, ки онро дар масоҳати васеи байни се уқёнус фақат бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавон таъмин кард.

Бояд гуфт, ки МҲТБО барои мубодилаи васеъ ва ошкорои афкор оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ майдони муҳим хоҳад буд.

«Мо бояд иқтидори Машваратамонро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем. Вақт ва саъю кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ лозиманд, набояд моро ба изтироб оранд», — зикр намуда буданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити МҲТБО соли 2014 дар Чин.

Тавре аз эъломияҳои IV Саммити МҲТБО (соли 2014) ва ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо  (соли 2016) бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди устувор ва ҷомеаи одилонаву фарогир дар давлатҳои аъзо мебошад. Рушди устувор бидуни сулҳу амнияти умумӣ ва сулҳу амнияти умумӣ бидуни рушди устувор вуҷуд дошта наметавонанд. Мусоидат ба таҳкими сулҳ ва амнияти умумӣ тавассути рушди устувор аз тариқи татбиқи барномаи ҷаҳонии СММ то соли 2030 ва ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дахлдори он дар самти рушди устувор (ҲРУ) имконпазир аст.

«Ояндаи Осиё дар замони ҷаҳонишавӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба худи мост. Осиё дар таърихи тамаддуни ҷаҳон борҳо муҳаррики рушди умумӣ буд. Дар рӯзҳои мо бисёр давлатҳои Осиё мисолҳои рӯҳбаландсози рушди иҷтимоию иқтисодиро намоиш медиҳанд. Мо ба таҷрибаи ғуншуда такя намуда, метавонем ва бояд роҳи бунёди Осиёи шукуфону бехатарро кушоем, ки ояндаи дурахшонро барои халқҳоямон таъмин кунад», — изҳор дошта буданд Сарвари давлат соли 2014 дар Чин.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар ин раванди созандагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро ба расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни давлатҳои Осиё дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва бахшҳои дигаре гузорад, ки дар ҳошияи Машварат мувофиқа шудаанд.

Раёсати Тоҷикистон бо дарназардошти зарурати татбиқи тадбирҳои боварӣ дар соҳаҳои мухталиф фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

 

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд. Аз соли 2014 инҷониб қароргоҳи МҲТБО дар Нур-Султон, Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ аст.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: