Дар Душанбе Протокол вобаста ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расид

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Протокол вобаста ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расонида шуд.

Ба имзо расонидани протокол аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки намунаҳои саноатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии мамлакат дар ҳудуди давлатҳои аъзо ҳифз карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки протоколи мазкур 9 сентябр дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби 5 давлати аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия низ ба имзо расида буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: