Дар Душанбе оид ба масоили ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иттилоотӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машваратҳо баргузор мешаванд

17-18 октябр дар шаҳри Душанбе Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соҳаи иттилоот»  баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Намояндагони мақомоти корҳои хориҷӣ оид ба дастгирии иттилоотии сиёсати хориҷии кишварҳои узви ИДМ мубодилаи таҷриба мекунанд.

Иштирокчиёни машваратҳо мавзӯъҳои кор бо афкори омма ва воситаҳои ахбори омма, ташкили барномаҳои медиавӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо дар доираи ИДМ-ро муҳокима мекунанд.

Илова бар ин, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: