Дар Душанбе оид ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш доир гардид

Истиқлолияти  давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург ва сарнавиштсоз буда, он оғози давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Ин нукта дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе  дар мавзӯи   «Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  ва марҳилаи нави рушди  давлатдории миллӣ»  бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи Саид иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва таҳлилгарон иштирок дошта, масъалаҳои марбут ба таҳкими  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди давлатдории миллӣ дар фазои  ташаккули низоми  нави ҷаҳонӣ  ва дигар масъалаҳои  марбут ба рушди  устувори  давлати миллӣ  дар замони муосирро баррасӣ  намуданд.

 Дар назди иштирокдорони ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар  Қодирзода, вакили Маҷлиси  намояндагон  Қиёмиддин Миралиён, директори  Маркази   исломшиносии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло  Баротзода ва  намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ  роҷеъ ба  ҷойгоҳи   Истиқлолияти давлатӣ  дар рушди  арзишҳои   демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти   давлатӣ  ва масъалаҳои ҳувияти   динӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва таҳкими  ваҳдати миллӣ  дар партави Истиқлолияти давлатӣ   сухан карданд.

Зикр шуд, ки бо соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурӣ Тоҷикистон  дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои бузург ноил гардид, аз ҷумла дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба   истиқлолияти энергетикӣ,  таъмини  амнияти озуқаворӣ  ва саноатикунонии мамлакат, ки имрӯзҳо босуръат идома дорад. Инчунин дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  таҳти сарварии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  чандин иқдомҳои  ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ, хусусан дар масъалаи об пазируфта шуда, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

 Бо дахли ҳифз ва таҳкими ваҳдати  миллӣ иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки дар шароити муосири  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ зиракии сиёсиро набояд аз даст дод ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳамчун гавҳараки  чашм эҳтиёт бояд кард. Ҳамчунин иштирокдорони  ҳамоиш роҷеъ ба дигар паҳлуҳои таҳкими  Истиқолияти давлатӣ ва давлатдории  миллӣ табодули назар намуданд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: