Дар Душанбе Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ тасдиқ гардид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси қарори мазкур корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри пойтахт фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Ҳамчунин  раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе  ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои зикршуда вазифадор гардида,  аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: