ТВТ. 14.06.2022. 13-уми июн муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сардори Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллаи Муттаҳид (СММ) оид бапаноҳандагон Мулугета Зевди мулоқот намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои густариши равобити Тоҷикистон, бахусус Маҷлиси намояндагон бо тамоми ниҳодҳои тобеи СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дилрабо Мансурӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз саҳми СММ дар барқароркунии сулҳу субот миёни тоҷикон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин созмони байналмилалӣ дар ҳалли тамоми масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзанда мегузорад. Вай талошҳои ниҳодҳои тобеи СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангез миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муассир маънидод кард.
Мулугета Зевди ибрози умедворӣ кард, ки раёсати Дилрабо Мансурӣ дар ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон заминаи мусоиде барои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи бахшҳои СММ ба вуҷуд хоҳад овард.
«Итминон дорам, ки аъзои парламент садо ва иродаи халқро ифода менамоянд. Амалӣ шудани ташаббусҳо ва иродаҳои нек бе дастгирии Шумо имконнопазир аст. Аз ин рӯ, бояд вакилони Парлумони Шумо тамоми ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дастгирӣ ва амалӣ намоянд»,- гуфт дар фарҷоми мулоқот Сардори Раёсати Комиссари Олии СММ оид бапаноҳандагон.
Манбаъ: parlament.tj