ТВТ. 24.09.2022. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии боғи Шаршара бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, Фестивали мазкур бо ҷалби донишҷӯёну машқварзони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии кишвар аз 24 сентябр то 17 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар фестивал донишҷӯёни Акадамияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ширкат меварзанд.
Мақсад аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар фестивали мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали муассисаҳои таҳсилоти олии болозикр иштирок менамоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»