Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузури иштирокчиёни он доир мешавад. Дар ҷаласа дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок хоҳад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СААД хабар медиҳад.

Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои узви СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.

Тавре интизор меравад, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС — 3 (СНВ-3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг якчанд изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад кард.

Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.

Пеш аз оғози ҷаласаи ШВКХ, вазирони корҳои хориҷиро, тавре ки интизор меравад, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳанд пазируфт.

Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд. 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар иҷлосия дар Москва дар бораи табдил додани механизмҳо ва сохторҳои ҳамкории кишварҳои узви ААД ба созмони байналмилалии минтақавӣ — «Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» ва ба он додани мақоми дахлдор қарор қабул кард. 18 сентябри соли 2003 Оинномаи СААД эътибор пайдо кард. Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ инҳо шомиланд: Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 раёсати Созмонро ба уҳда дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: