28-29 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мегардад.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок менамоянд.
«Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи низомӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин тадбирҳои аз ҷониби СААД андешидашуда оид ба кам кардани таҳдид ба амнияти давлатҳои узви Созмон, ки аз қаламрави ин кишвар ба вуҷуд меоянд ва тасдиқи нақшаи кории минбаъдаи гурӯҳ баррасӣ гарданд»,-гуфт Ориф Нозимиён
Дар робита ба ин 28 октябр дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД иштироки роҳбарияти ГКА, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба Афғонистон Сагин Ибраев ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»