Дар Душанбе Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир гардид

29 августи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VIII ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гашт. Анҷуманро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ бо иттиҳодияҳои созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон доир намуд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар Анҷуман намояндагони созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон гирди ҳам омаданд ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода баргузории Анҷумани VIII ҷумҳуриявии ташкилотҳои кор бо ҷавонони Тоҷикистонро идомаи ташббусҳо ва иқдомҳои созанда оид ба устуворӣ ва рушди ҷараёни идораи демократии ҷомеа арзёбӣ карда, гуфт: «Ҳамасола баргузор намудани Анҷуман ба ҳукми анъана даромадааст. Он майдоне мебошад, ки дар он ташкилотҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконияти табодули таҷриба ва муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар байни ҷавононро доранд. Анҷуман ба  ташаккули муносибатҳои ҳамкорӣ тақвият мебахшад».

Ҳадафи асосии анҷуман мусоидат ба иштироки ҷавонон, роҳбарони ташкилотҳои ҷавонон ва кор бо ҷавонон дар раванди қабули қарорҳое мебошад, ки ба рушди устувори ҷамъият ва давлат нигаронида шудаанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: