Дар боғи Умари Хайёми шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Файзобод доир шуд.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод доир шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ин ҷо аҳли ҳунар ва заҳматкашони ноҳия барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши бошукуҳ баргузор намуда, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархи арзон пешниҳоди харидорон намуданд.

 

 

 

Tags: