Дар анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.  

Дар анҷумани мазкур собиқадорон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат  иштирок намуданд.

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки  аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

«Маҳз ҳамин буд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷумҳурӣ дар Анҷумани ғайринавбатии худ  17 марти соли 1994 бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ намуда буд», — тазаккур дод ӯ.

АМИТ «Ховар»

Tags: