Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машварати навбатии роҳбарони муассисаҳои таълимии махсуси Ассотсиатсияи мактабҳои олии Вазорати корҳои дохилӣ ва политсияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии моро дар машварат сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Шарифзода намояндагӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Академияи идоракунии Федератсияи Россия, Академияи ВКД ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ширкат доштанд.
Зимни машварат масъалаҳое, ки имрӯз дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба омода намудани мутахассисон ҷой доранд, баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳое, ки тавассути воситаҳои техникаи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ содир мешаванд ва нарасидани мутахассисон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба он таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ ба имзо расонида шуд.
АМИТ "Ховар"