COVID-19. Дар Тоҷикистон 81 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси нав ошкор гардид

То соати 17:20 дақиқаи 5 июн дар кишвар 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд. То имрӯз дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар мамлакат 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

АМИТ «Ховар»

Tags: