Туркманистон — Тоҷикистон 2:3

Тими мунтахаби футболи наврасони то 14 -солаи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016», дар Ҷумҳурии Халқии Чин ширкат дорад, дар бозии дуввуми худ тими мунтахаби Туркманистонро бо натиҷаи 3:2 шикаст дод.
Дар ин ғалаба голҳои Шервонӣ Муҳаббатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев ба дастаи мунтахаби наврасони мо ғалаба оварданд.
Дар вохӯрии  дигари рӯз тими мунтахаби Чин, мизбони ин бозиҳо аз  тими Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Ба ҳамин тартиб, новобаста ба бозии даври охирин, ки имрӯз барпо мешавад, футболбозони навраси мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки соли равон дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё( (U-16) ширкат хоҳад намуд, соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Имрӯз наврасони Тоҷикистон бо Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бо Туркманистон вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар шаҳри Вайнани Чин боо иштироки 4 дастаи мунтахаби наврасони Осиё идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: