Чаро воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст?

Воридоти  мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5 ҳазор адад коҳиш ёфтааст.
Тибқи омори гумрукӣ, дар зарфи шаш моҳи соли равон тавассути сарҳади гумрукӣ ба Тоҷикистон 1300 адад  мошинҳои сабукрав  ба маблағи  15 миллион доллар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ  ворид карда шудааст. Ҳол он,  ки ин омор дар ҳамин давраи  соли гузашта  марзи  6 ҳазору 630 ададро убур намуда буд. Яъне,  дар  нимсолаи соли ҷорӣ воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба Тоҷикистон 5 ҳазору 330 адад нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида коҳиш ёфтааст.
Омили асосии коҳиш ёфтани воридоти мошинҳои сабукравро  ба кишвар Назаралӣ  Ғаниев, сардори раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсири  буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти харидории мардум рабт медиҳад. Инунин мушоҳидаҳо далели онанд, ки тӯли солҳои охир дастрасии бештари аҳолӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав  афзоиш ёфтааст, зеро мушоҳидаҳо бозгӯи он аст,  ки алҳол  қариб ҳар як оилаи тоҷикистонӣ дорои  як ва се чор адади  мошини сабукрав аст.
Ҳазамон намояндаи масъули мақомоти гумруки кишвар афзуд, ки мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон асосан аз Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Корея, Русия, Қазоқистон ва кишварҳои назди Балтика аз ҷониби соҳибкорон ворид карда мешаванд. Инчунин дар ин  давра аз Тоҷикистон ҳудуди 140 адад мошини сабукрав ба кишварҳои Русия ва Афғонистон содирот гардидааст.
Назар ба иттилои  сардори шӯъбаи назорати техникии Бозрасии давлатии автомбилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Талбӣ Сафарзода,  алҳол дар роҳҳои кишвар беш аз  430 ҳазор воситаҳои нақлиёти гуногунтамға дар ҳаракат мебошанд. Дар баъзе мавридҳо танбашавии роҳҳои пойтахт  аз он далолат медиҳад, ки шумораи воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва дар маҷмӯъ дар кишвар афзудааст. Ин ҳолат масъулин, хусусан  шаҳрдории Душанберо водор менамояд,  ки  барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ фаррох бояд кард, то ҷодаҳои шаҳр аз танбашавӣ эмин гарданд.

Tags: