Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сиерра-Леоне муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Ҷумҳурии Сиерра-Леоне муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2 октябр дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар СММ Алӣ Кабба имзо карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: