Имрӯз, 13 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия пурра ҷамъбаст гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба кори худ оғоз намуд, ки то 14 декабр идома меёбад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» узви ҳакамон дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ» Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз дошт, «ин дар озмун яке аз номинатсияҳое мебошад, ки шумораи иштирокчиёнаш 40 нафарро ташкил медод. Шарти асосӣ дар ин номинатсия донистани 100 ғазал, 120 дубайтӣ, 2 қасида ва 2 достон мебошад.
Донистани 100 ғазал кори хеле мушкил аст, аммо дар озмун чанд нафаре пайдо гардид, ки аз уҳдаи он пурра баромад. Ташрифи бештари ҷавонон ва наврасон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат бе сабаб набудааст. Онҳо имрӯз исбот намуданд, ки миллати тоҷик аз азал китобдӯсту китобхон буд. Ҳамин анъанаи аҷдодиро имрӯз онҳо идома дода истодаанд».
Иштирокчӣ аз номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори классикӣ»- хонандаи синфи 7 аз ноҳияи Ҳамадонӣ Бузургмеҳр Шарипов иброз дошт, ки «аъзои ҳакамон муносибати меҳрубонона доранд. Онҳо бештар саволҳои мантиқӣ пешниҳод менамоянд. Ман барои даври чорум 100 китоб мутолиа намудам ва ҳамчунин зиёда аз 60 мисраъ шеър аз достону ғазалҳо аз ёд намудам. Аз натиҷаи ҷавобҳоям боварӣ дорам, ки сазовори мақоме мегардам».
Ба гуфти масъулини озмун, аз натиҷаи чор номинатсия шаш нафар барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун пешниҳод гардидаанд ва он то 14 декабр ҷамъбаст мегардад.
Яке аз иштирокчиёни Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи «Раҳнамо» Бунёди Раҳнамо дар суҳбат иброз дошт, ки «ман дар даври шаҳрӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Имрӯз аз рӯйи чор номинатсия иштирок мекунам, аллакай аз рӯи ду номинатсия ҳунарнамоӣ намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардидааст. Ман кӯшиш мекунам, ки дар ду даври дигар низ пирӯз гардам».
Дар Низомномаи озмун ҷоизаҳои зерин барои ғолибон муқаррар шудаанд:
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ;
Ҷойи дуюм — 25000 сомонӣ ;
Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба;
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ;
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ;
Ҷойи сеюм -15000;
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:
Ҷойи якум -25000 сомонӣ;
Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ;
Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ;
Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ;
Ҷойи дуюм -20000 сомонӣ;
Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ;
Шоҳҷоизаи озмун–50000 сомонӣ
Шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз натиҷаи чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Ҳамчунин довталабоне, ки аз ҳар як номинатсия осор мутолиа мекунанд ва ашъореро аз бар менамоянд, ҳакамон метавонанд иловатан ба ҳунару истеъдоди онҳо холгузорӣ намоянд. Он бояд ҳатман дар суратҷаласа (миқдор ва теъдоди онҳо) қайд гардад ва имзои раис ва аъзои ҳакамон дар он гузошта шавад.
Барои довталаб маҳдудият мондан шарт нест. Ҳакамон дар мувофиқа бо комиссияи озмун метавонанд барои иваз кардани бандҳои алоҳидаи номинатсия пешниҳод манзур намоянд. Комиссия пешниҳодҳои ҳайати ҳакамонро баррасӣ карда, дар асоси овоздиҳии кушода онҳоро дастгирӣ ва ё рад менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо дипломи иштирокчии озмун сарфароз гардонида мешаванд.
АМИТ «Ховар»