ҶОМИ ОСИЁ-2019: санаи бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Непал маълум шуд

10 октябр дар кишвари мо якбора ду бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешаванд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «С» бозии байни  дастаҳои  мунтахаби  Афғонистон ва Урдун соати 15:00 дар назар аст.

Инчунин дар ин рӯз- 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» бозии байни дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон ва Непал доир мешавад. Вохӯрии мазкур соати 18:00 баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»