ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Варзишгарони тоҷик аз он бо 7 медал ба Ватан бармегарданд

Дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон, ки аз 27 то 30 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, паҳавонони тоҷик ба гирифтани 7 медал мушарраф гардиданд.  

Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок карданд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба шаҳри Тошканд равон намуд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор гардид.

Ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқа Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба даст овард. Аҳлия Муъминов дар вазни то 52кг, Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66кг, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Ҳабибулло Ашӯров дар вазни то 100кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Паҳлавонони дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг мақоми панҷуми мусобиқаро соҳиб шуданд.

Tags: