Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории БМТ бо Дафтари SECO дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозӣ шудани як  зумра  кумакҳои техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Инчунин Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи лоиҳаи «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ», ки аз шаш самт (компонент) иборат буда, дар доираи он корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати SECO гардонид.

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи фаъолият оид ба ҳар як самти (компоненти) лоиҳа дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин намуд.

Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.

Ҳадафи ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси мустақили байналмилалӣ, ин баҳодиҳии иҷрои лоиҳаи кумаки техникӣ, ки тариқи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва мушовирони аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалбшуда таҳти унвони «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ» бо маблағгузории SECO мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: